Нест кардани ҳисоб
Алмос ТҶ · almostj.com · барномаи «Алмос ТҶ» (Android)
Шумо ҳар вақт метавонед нест кардани ҳисоби худро талаб кунед. Ин бепул аст.
Чӣ тавр дархост фиристем
- Дар барнома: Профил → Ҳисоби веб → «Ҳисобро нест кардан».
- Дар сайт: ба almostj.com бо рақами худ ворид шавед → Профил → Ҳисоби веб → «Ҳисобро нест кардан».
- Ба дастгирӣ нависед: @Almostj_admin дар Telegram — рақами телефони ҳисобро нависед. Мо барои тасдиқ метавонем савол диҳем, то ҳисоби шуморо каси дигар нест накунад.
Баъд аз дархост чӣ мешавад
- Админ дархостро дар давоми 7 рӯз ҳал мекунад.
- Агар дар баланс пул монда бошад, пеш аз нест кардан мо бо шумо тамос мегирем, то онро баргардонем ё истифода баред.
- Агар дархост рад шавад (масалан, фармоиш ҳоло иҷро мешавад), сабабашро хабар медиҳем.
Чӣ нест мешавад
- Ном, рақами телефон ва Instagram.
- Ҳамаи воридшавӣҳо — дар ҳамаи телефонҳо аз ҳисоб берун мешавед.
- Токенҳои огоҳиномаҳо, рақамҳои фиристандаи пардохт ва рамзҳои SMS.
Чӣ мемонад
Таърихи фармоишҳо ва пардохтҳо (маҳсулот, маблағ, сана) бе ном ва бе рақами телефон барои ҳисобот ва ҳалли баҳсҳо нигоҳ дошта мешавад. Ин маълумот ба шумо дигар вобаста нест.
Муфассалтар — дар Сиёсати махфият.